ИСТИҚБОЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК АЗ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TASHKENT GRAND SLAM 2026»​

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт маросими истиқболи ҳайати тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» ширкат варзиданд, баргузор гардид.
​Варзишгаронро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони соҳа ва ҳаводорони варзиш бо шукуҳу эҳтироми хоса пазироӣ намуданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

​Мусобиқаи мазкур тибқи тақвими расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз 27 феврал то 1 марти соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат варзишгарони мамлакат сазовори ду медал гардиданд:
​Абдуллои Ориф — дар вазни худ маҳорати баланд нишон дода, соҳиби медали тилло
​Нуралии Эмомалӣ — бо нишон додани омодагии хуби техникӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE