ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТ БА САМАРҚАНД РАФТАНД
23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ иштироки варзишгарон аз 9 давлат, кишварҳои Осиёи Марказӣ – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия – дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 17 нафар, бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов, ба Самарқанд сафарбар гардиданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, сабқатҳо дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”, ки нав таъмир шудааст, доир мегарданд. Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулула, гурз – нерӯ месанҷанд.
Дар рӯзи сеюми чорабинӣ марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ “Save Aral 2022” доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экоклогӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 4-ум Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар Самарқанд:
Бонувон
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулула, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)
Мардҳо
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба бадандӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулула ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)
Манбаъ: http://olympic.tj/