Наполи билохира ба унвони қаҳрамонӣ расид

Дастаи Наполии Италия пас аз 33 соли интизорӣ билохира ба унвони қаҳрамонии кишвараш даст ёфт. Пас аз ҷамбасти даври 33-юми мусобиқаи қаҳармонии Италия оид ба футбол Наполи пеш аз анҷоми мавсим тавонист маротибаи аввал баъд аз Марадонаи қаҳрамон ҷоми Скудетторо ба даст орад.

Дастаи Наполи ахиран пас аз 33 соли таъхир ва талошҳои чандинсолаи пайиҳам ба унвони қаҳармонии Италия даст ёфт. Пеш аз панҷ даври дигар то анҷоми мавсим дастаи неополитанӣ бо бартарии зиёд аз рақибони худ тавонист қаҳрамонии худро дар Силсилаи А таъмин намояд. Дар доираи бозиҳои даври 33-юми чемпионати Италия  дастаҳои “Удинезе” ва “Наполи” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Дачия Арена”-и шаҳри Удинезе доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Пас аз ин мусовӣ дастаи “Наполи” пеш аз муҳлат қаҳрамони Серияи А гардид.  Бори охир футболбозони шаҳри Неапол  соли 1990, дар замони Диего Марадона қаҳрамони Серияи А гардида буданд. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Наполи” панҷ давр пеш аз анҷоми чемпионати Италия 80 имтиёз  дорад. Дар ҷои дуюм «Латсио» бо 64 имтиёз қарор дорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз «Наполи» пеш гузарад.  Ба қаҳрамонии ин даста дар мависми ҷорӣ ҷои шубҳа намонда буд – зеро Наполи 33 сол барои Скудетто талош кард, гарчанде дар миён ба унвони қаҳрамонӣ хеле наздик буд. Дар даҳ соли охир ин даста чор маротиба медали нуқра ва се маротиба биринҷӣ шуд. Ҳанӯз тирамоҳ дастаи Лучано Спалетти бо фосилаи зиёд пешсаф буд ва ҳамакнун, аввалин шуда дар миёни мусобиқаҳои топ дар Аврупо, расман унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Аввалин унвони қаҳрамонии Наполи соли 1987 бо роҳбарии капитан Диего Марадона ба даст оварда шуд. Маротибаи дуюм низ унвони қаҳрамонии Наполи соли 1990 ба номи Марадона сабт шуда буд.  Ва акнун унвони сеюм ба номи Хвича Кварацхелия ва Виктор Осимхен гузошта шудааст! Дар дастаи сохтаи Лучано Спаллетти, Наполи дар тамоми мавсим бартарӣ дошт ва ба рақибон умуман аҳамият надод: дар Италия зиёда аз 20 сол танҳо Ювентус, Милан ва Интер унвонҳоро соҳиб шуданд, унвони қаблӣ берун аз ин Турин ва Милан ғалабаи Рома дар мавсими солҳои – 2000 /01 буд.

                                                                            Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE