Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ
Имрӯз дар толори Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону пажуҳишгарон, намояндагони соҳаи фарҳанг, намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин афсарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Абдурашид Ҳотамиён ифтитоҳ намуда, меҳмонони ифтихориро муаррифӣ кард. Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷашни байналмилалии Наврӯз ба яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги башарӣ табдил ёфта, мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким ёфтааст.
Дар анҷоми чорабинӣ меҳмонони ифтихорӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Шукрона Насриддинзода

