Аз 24 то 26 август озмуни тақсимоти такрории иловагӣ баргузор мешавад

Аз 24 то 26 август давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тақсимоти такрорӣ дар соли 2022, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти такрорӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)-ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути рақамҳои 224 53 68 ва 224 53 73 бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Тақсимоти такрории иловагӣ дар асоси озмун аз рӯйи балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии «Довталаб», яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида шуда, натиҷаи он 29 август эълон мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE