Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоративу иқтисодии муносибатҳои ду кишвар табодули афкор намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба прирӯзиаш дар интихобот, инчунин, барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE