Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна

Ҷумҳурии Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд.

Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд.

Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.

Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE