ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНОАТИ АНГИШТ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНОАТИ АНГИШТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид.
Дар форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, ниҳодҳои сармоягузорию молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ, аз ҷумла беш аз 100 намояндаи хориҷӣ, иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя ба соҳаи ангишт, рушди истеҳсолоти коксохимиявӣ, коркарди амиқи ангишт, навсозии инфрасохтори соҳавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, таъмини бехатарии саноатӣ ва риояи меъёрҳои экологӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки захираҳои умумии геологии ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 миллиард тоннаро ташкил дода, барои ҷалби сармоя ва рушди минбаъдаи саноати ангишти кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.

