Андешаҳои иҷтимоии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар меҳвари маҳфили “ХИРАДМАНДОН”…

Андешаҳои иҷтимоии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар меҳвари маҳфили “ХИРАДМАНДОН”

Чанде пеш дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии «Хирадмандон» баргузор гардид. Беҳрузи Забеҳулло, мудири шуъбаи адбиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи «Андешаҳои иҷтимоии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва аҳаммияти онҳо дар замони муосир» гузориш ироа намуда, мулоҳизоти судманде баён намуд.

Ҷамъомадро олимон, донишмандон, бархе аз кормандони шабакаҳои телевизион, аз қабили Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон », “Варзиш”, “Синамо”, “ТВКН – “Баҳористон ”, Академияи “Воситаҳои ахбори омма”, Радиои Тоҷикистон,шабакаҳои радиои “Садои Душанбе», “Фарҳанг ”, “Овози тоҷик ”, омӯзгорон ва толибилмони Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов, макотиби таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 6, 12, 34, 53-и пойтахт ва ҳаводорони сухани воло зиннат бахшиданд.

Маҳфил дар руҳияи баланди маърифатдӯсти ва омӯзиши осори пурбаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муассир ва хотирмон гузашт.

Ф.Амирбекова,

маҳфили “Хирадмандон”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE