Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 27 ҳазору 563 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 793 ҳолат кам мебошад.
Ба иттилои Бунафша Файзиддинзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 27 ҳазору 563 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 793 ҳолат кам мебошад, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳамин давра 3 ҳазору 526 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2025 591 ҳолат камтар аст. Дар натиҷаи ин талоқҳо 3 ҳазору 111 кӯдак аз падар ё модар ҷудо мондаанд, ки ин нишондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта 521 нафар кам мебошад. Ҳамчунин, аз шумораи умумии никоҳҳои ба қайд гирифташуда, 141 ҳолат дар асоси қарори суд вобаста ба паст кардани синни никоҳ сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат кам мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

