Гардиши савдо дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 3,3 млрд сомонӣ гузашт
Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми умумии гардиши савдо дар ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе ба 3 миллиарду 301,1 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 102,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1 миллиарду 82,9 миллион сомонӣ ва хизматрасониҳои маишӣ 128,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 167,1 миллион ва 13,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

