181 мусобиқаи варзишӣ дар ВМКБ, 1345 мусобиқаи варзишӣ дар вилояти Хатлон, баргузор гардид.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи нақшаи тасдиқшуда дар заминаи марҳилаҳо 3446 мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд. Аз ин шумора 255 мусобиқа дар ВМКБ, 1389 мусобиқа дар вилояти Хатлон, 494 мусобиқа дар вилояти Суғд, 160 мусобиқа дар шаҳри Душанбе ва 1148 мусобиқа дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин чорабиниҳо 49 552 нафар ҷавонон ҳамчун иштирокчӣ рақобат намуда, зиёда аз 171 591 нафар мухлисон ва тамошобинон онҳоро тамошо карданд.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

