996 чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷро шуд

996 чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷро шуд
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб иброз дошт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 850 чорабинии пешбинишуда бо назардошти тадбирҳои иловагӣ аллакай 996 чорабинӣ амалӣ гардидааст, ки 117 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3,6 километр роҳҳои автомобилгард мавриди истифода қарор гирифта, 24 бинои истиқоматии миёна ва баландошёна рангубор ва 5 нуқтаи партовпартоӣ азнавсозӣ шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 6060 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ба 1536 нафар шаҳрвандон ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нимсолаи аввали соли 2026 пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ 100,5 фоиз таъмин гардида, талафоти нерӯи барқ то 7,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE