Палатаи ҳисоб беш аз 336 миллион сомонӣ қонунвайронкунии молиявиро ошкор кард
Дар нимсолаи якуми соли 2026 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани 51 чорабинии аудиторӣ дар вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо қонунвайронкунии молиявиро ба маблағи 336 миллион сомонӣ муайян намуд. Аз ин маблағ 202,8 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз натиҷаи санҷишҳо 27 мавод ба маблағи 212,1 миллион сомонӣ барои андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ ирсол гардидааст. Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳо ба сохторҳои дахлдор 563 тавсия пешниҳод шуда, нисбати 30 нафар ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст.
Ба гуфтаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед ,яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти аудит тақвияти назорат аз болои истифодаи самаранок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ мебошад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

