26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тозабунёд барои 260 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 10 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 10 парастори ботаҷриба бо бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд. Омӯзиш дар он бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, сурат мегирад. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 30 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобхонаи хуштарҳу муосир, ки дар паҳлуи муассиса сохта шудааст, оғоз бахшиданд. Китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 10 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE