Дар ШМА марҳилаи аввали озмоишҳои клиникии вояи «хушк»-ро аз бемории сил гузарониданд
Гурӯҳи байналмилалии табибон марҳилаи аввали озмоишҳои клиникии вояи зидди силро дар асоси вояи ID93 анҷом дод. Натиҷаи кор дар маҷаллаи Nature Communications ба нашр расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар бораи натиҷаи он 6 март хадамоти матбуотии Донишкадаи америкоӣ оид ба рушди дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии пешрафта (AAHI) иттилоъ додааст.
«Мо озмоишҳои аввалини клиникии намунаи вояи сафедаро бар зидди бемории сил гузаронидем, ки устувории он аз ҳарорати муҳити зист вобаста нест. Истифодаи оммавии он на танҳо дастрасиро ба вояҳои зидди бемории сил дар он минтақаҳои ҷаҳон, ки ин беморӣ дар он ҷойҳо дар авҷ аст, беҳтар мекунад, балки хароҷоти вобаста ба нигоҳдории вояҳоро дар ҳарорати паст коҳиш медиҳад»,-изҳор дошт таҳиягари пешбари воя дар AAHI (ШМА) Кристофер Фокс, ки суханони ӯро хадамоти матбуотии донишкада иқтибос овардааст.
Воситаи асосии мубориза бар зидди сил ҳоло ҳам ваксинаи БСЖ мебошад, ки онро фаронсавиҳо Алберт Калмет ва Камил Герин соли 1921 таҳия кардаанд. Яке аз камбудии воя дар он аст, ки он бояд дар шакли моеъ дар ҳарорати пасти муҳити зист нигоҳ дошта шавад, ки ин ба истифодаи вояҳои сил дар давлатҳои тропикӣ ва экваторӣ халал эҷод мекунад.
Чанде қабл муҳаққиқон як намунаи комилан «хушк»-и ин вояро таҳия карданд, ки метавонад дар ҳама гуна шароити муҳити зист нигоҳ дошта шавад.