
21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, – изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

