5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ Тоҷик-Алмос мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 700 ҳазор дона маҳсулотро ташкил дода, дар марҳилаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли беш аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Тоҷик Алмос дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷузъҳои резинии қисмҳои ҳаракатдиҳандаи воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда мешавад. Дар доираи ин марҳила 30 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 400 ҳазор маҳсулотро ташкил хоҳад дод.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

