Маркази миллии тестӣ: Ба қаллобон бовар накунед, зеро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои имтиҳонҳои довталабон таъсир расонида наметавонад!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба довталабон шаффофиятро  кафолат медиҳад, чунин омадааст дар муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар муроҷиатнома омадааст, ки  аҳли ҷомеа огоҳ аст, ки шаффофияту адолат муҳимтарин усули кори Марказ аст, аз ин рӯ таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Марказ кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ гардида, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар имтиҳонҳо роҳ дода намешавад.

Гарчанде ки Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразнок ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсони қаллоб барои дохил намудани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Довталабон ва падару модарон бояд ҳушёру огоҳ бошанд ва фирефтаи чунин қаллобоне нашаванд, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд.

Мо борҳо таъкид намудаем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад. Бинобар ин, аз ҳамаи алоқамандони низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва аҳли ҷомеа хоҳишмандем, ки нисбат ба масъалаи пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа бетараф набошанд. Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунониданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил намудан ёрӣ расонида метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, ба Марказ алоқамандие дошта бошанд ҳам, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!

Дар ҳолати бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардидан, яъне аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шудан бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат шавад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю нофаҳмие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро бинад.

Аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ – ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ гузаронида шуда, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозад. Бехатарию махфияти иттилоот низ бо риояи тамоми ҷузъиёташ таъмин мешавад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва алоқамандони дигари Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  бевосита шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Ҳар шахси солимақл дарк менамояд, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад.

Агар довталабон аз имконияти барояшон фароҳамовардаи Марказ ҳадафмандонаю дуруст истифода намоянд, имкони амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд намеояд. Дар ин маврид иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастоварда ва ба чанд балл баробар будани онҳоро донистани довталаб зарур аст. Азбаски тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш доир мешавад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тестии дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Аз рӯйи ин холҳо баъдан миқдори баллҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва баллҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешаванд, муайян намудан мумкин аст.

Бояд донист, ки дар баробари дониши арзанда доштан донистани тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла дуруст ва дурандешона интихоб намудани ихтисосу муассисаҳо бо назардошти донишу маҳорат, имконот ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар довталаб зарур аст. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» бояд кор бурд. Аз маҷмуаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ истифода бурдан  низ барои тайёр шудани довталабон ба ин имтиҳонот қисман кумак менамояд. Бояд гуфт, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли 2024 низ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмуаҳо такроран истифода мешаванд. Истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” низ барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо воситаи ёрирасон аст. Аммо танҳо ба ин хизматрасонии маҷмуаҳо маҳдуд шудану такя кардан маънои пурра омода шудани довталабонро ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ надорад. Барои тайёрии комил ба имтиҳонҳо барномаи таълимӣ ва мавзуъҳоро аз ҳамаи китобҳои дарсии дахлдор бояд пурра омӯхту аз худ намуд.

Аз довталабон ва алоқамандони Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даъват менамоем, ки дар ҳолати шоҳиди қаллобию фиреб шудан ё кӯшиши ба амалҳои номатлуб даст задани шахсе дар робита ба Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-73 ба марказ хабар диҳанд.

Барои супоридани имтиҳонҳо ба ҳамаи шумо комёбӣ мехоҳем, довталабони гиромӣ!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE