Вазорати молия: Даромади буҷети давлатӣ ба 36,4 миллиард сомонӣ расид.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 нақшаи даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Файзиддин Қаҳорзода Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 116,8 фоиз ва буҷетҳои маҳаллӣ 115,2 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ зиёда аз 30,3 миллиард сомонӣ равона шуда, аз ин маблағ 13,7 миллиард сомонӣ ё 45 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ихтисос дода шудааст.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE