Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 3,5 миллиард сомонӣ гузашт
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиарду 511 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷрои нақшаро ба 105,4 фоиз таъмин намуд.
Дар ин бора директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории пардохти нафақа дар ин давра 2 миллиарду 684,1 миллион сомониро ташкил дода, дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад. Ҳамзамон, нақшаи маблағҳои андӯхти нафақавӣ низ 104,8 фоиз иҷро гардидааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

