ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 562 ДОВТАЛАБ ИШТИРОК ДОРАНД…
ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 562 ДОВТАЛАБ ИШТИРОК ДОРАНД
Имрӯз, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи даҳум аст, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад.
Имсол дар даври ниҳоии озмуни мазкур 562 довталаб, аз ҷумла 445 нафар духтарон, аз рӯйи номинатсияҳои муқарраршуда барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва нишон додани донишу маҳорати худ рақобат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ба иштирокчиёни озмун пас аз гузаштани даври чорум сертификат дода мешавад. Ин ҳуҷҷат тибқи тартиби муқарраршуда барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат имтиёзҳои муайянро пешбинӣ менамояд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими маърифати ҷомеа, рушди қобилияти зеҳнӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон баргузор мегардад.

