Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ бо дахолати мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуд

Дар нимсолаи якуми соли 2026 бо дахолати мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ маблағ барқарор карда шуд. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тибқи иттилоъ, дар давраи ҳисоботӣ мақомоти прокуратура 4698 санҷиш гузаронида, ҳуқуқу манфиатҳои 235 ҳазору 586 нафарро барқарор намуданд. Ҳамчунин, 38 ҳазору 627 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, беш аз 47 ҳазор нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE