Ба буҷети давлатӣ беш аз 17,4 млрд сомонӣ андоз ворид гардид
Дар натиҷаи тадбирҳои мақомоти андоз, иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 123,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 17 млрд. 402,5 млн. сомонӣ ворид шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 3 млрд. 292,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 22,4 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ошкор гардида, нисбати шахсони дахлдор ба маблағи умумии 113 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шуданд. Аз ҳисоби ҷаримаҳои татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 101 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

