Дар ХТТ «Ҳисор» 10 ҳазор бехпайванди нок шинонида шуд
Дар Парки технологии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар майдони 2 гектар боғи интенсивӣ ва 0,5 гектар боғи модарӣ корҳои агротехникӣ, шаклдиҳӣ ва ғизодиҳии дарахтон анҷом дода шуданд. Дар ин бора имрӯз ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар Хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» 10 ҳазор бехпайванди ноки навъи ВА-29 шинонида шуда, парвариши себи навъи М9 ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, 4500 бех қаламчаи себи М9 омода гардидааст, ки барои васеъ намудани боғҳои интенсивӣ истифода хоҳад шуд.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

