Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Мукофотҳоро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон тақдим намуданд.

Кормандон бо Ордени «Шараф», Медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар ҷараёни маросим аз фаъолияти кормандони телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии зертобеи Кумита изҳори қаноатмандӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди соҳаи иттилоотию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ шуд

Аҳли эҷоди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, барои иҷрои рисолати касбӣ минбаъд низ бо масъулияти баланд талош хоҳанд кард

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE