22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст.
Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи утоқҳои муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудаанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

