21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Муассиса аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои фанҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Дар ин боргоҳи илму маърифат 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 430 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ барои машқу тамрини футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

