5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ба номи Худоёр Раҷабовро, ки баъд аз таъмиру навсозии пурра омода гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале бо гузашти вақт ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо намуд.
Корҳои навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Акнун дар муассисаи навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст бо шароити ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Дар муассисаи навсозишуда 93 омӯзгор ва 26 корманди техникӣ бо кор ба кор ҷалб шудаанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

