Пас аз анҷоми рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон дастаи мунтахаби Тоҷикистон…

Пас аз анҷоми рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 4 медал дар ҷадвали умумии медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон то 22 сентябр соҳиби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи ҳафтумро ишғол мекунад. Медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни 60 кг, Отабек Раҷабов дар вазни 65 кг, медали нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 71 кг ва медали биринҷиро Махсатулло Муъминов дар вазни 55 кг аз намуди карате-до WKF соҳиб шуданд.
Дар ҳисоби умумӣ дастаи мунтахаби Чин пешсаф мебошад. Варзишгарони ин давлат то анҷоми рӯзи сеюм дар маҷмуъ 53 медал ба даст овардаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE