Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад…
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҳамзамон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон аз 24 то 25 сентябр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабонаи 26 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳавои рӯзонаи 26 сентябр ва 27 сентябр бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, 24-25 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

