Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «100 соли маҷаллаи «Хорпуштак» ва ояндаи ҳаҷви тоҷик» баргузор гардид. Ҳамоиш ба гиромидошти 100-солагии маҷаллаи «Хорпуштак» — яке аз нашрияҳои маъруфи ҳаҷвию танқидии кишвар бахшида шудааст.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, рӯзномаи «Ҷумҳурият», кормандони соҳаи фарҳангу матбуот, муҳаққиқон, адибон, ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки маҷаллаи «Хорпуштак» дар тӯли як аср ҳамчун минбари ҳаҷву танқиди иҷтимоӣ дар ташаккули афкори ҷомеа ва рушди адабиёти ҳаҷвии тоҷик нақши муҳим гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷв ҳамчун яке аз воситаҳои таъсирбахши адабиёт ва журналистика метавонад камбудиву масъалаҳои ҷомеаро ба таври возеҳу таъсиргузор инъикос намуда, барои ислоҳи онҳо мусоидат кунад.
Зикр гардид, ки маҷаллаи «Хорпуштак» дар давраи гуногуни таърихи матбуоти тоҷик бо истифода аз мақолаҳои ҳаҷвӣ, фелетон, ҳикояҳои кӯтоҳ, карикатура ва дигар жанрҳои ҳаҷвӣ мавзуъҳои муҳими ҷомеаро матраҳ намуда, дар рушди фарҳанги ҳаҷвии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таърихи таъсис ва фаъолияти маҷалла, нақши он дар рушди ҳаҷви тоҷик, хусусиятҳои жанрҳои ҳаҷвию танқидӣ, ҷойгоҳи карикатура дар матбуот ва дурнамои ҳаҷви тоҷик дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми ҳамоиш баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар пешкаши ҳозирин гардид.

