ДОНИСТАН ХУБ АСТ!..
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ — СИМОИ БАРҶАСТАИ АДАБИЁТ ВА МАЪРИФАТИ ҶАҲОНӢ
Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ аз бузургтарин шоирон, орифон ва мутафаккирони форсу тоҷик ба шумор меравад, ки осори гаронбаҳои ӯ то имрӯз дар саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истиқбол қарор дорад. Ӯ 30 сентябри соли 1207 ба дунё омада, 17 декабри соли 1273 дар шаҳри Қунияи Туркия даргузаштааст.
Мавлоно бо эҷоди асарҳои мондагоре чун «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳи мо фиҳ», «Маҷолиси сабъа» ва «Мактубот» дар рушди адабиёти форсӣ ва андешаи ирфонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои илмӣ, «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат буда, ҳудуди 25 ҳазор байт ё наздик ба 50 ҳазор мисраъро дар бар мегирад. Ин асар аз муҳимтарин ёдгориҳои адабиёти ҷаҳон маҳсуб шуда, онро яке аз бузургтарин шоҳкориҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ медонанд.

