Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ба муносибати бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026…

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ба муносибати бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Сипар» Александр Дзабирадзе ва Данияр Абдираимов иштирок намуда, ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух доданд.
Зимни нишаст ҷонибҳо оид ба омодагии дастаҳо ба бозии ҳалкунанда, вазъи омодагии бозигарон ва интизориҳои худ аз рақобати ниҳоӣ ибрози назар карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба аҳаммияти ин бозӣ, сатҳи омодагии дастаҳо ва нақшаҳои онҳо барои ба даст овардани ҷоми фахрии мусобиқа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE