8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.

Дар доираи фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд.
Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик, ороиши хоси дастархони миллӣ, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва дигар неъматҳои табиии Тоҷикистон диққати иштирокдорони фестивалро ба худ ҷалб намуд.

8 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в национальной туристической зоне Аваза Туркменистана совместно с другими главами государств-участников Содружества Независимых Государств посетили Фестиваль национальных блюд, народных ремёсел, выставки промышленной и сельскохозяйственной продукции государств.

В рамках Фестиваля были организованы национальные уголки представителей стран, в которых были представлены национальные блюда, традиции, обряды и украшение дастархана, обычаи гостеприимства.
Уголок Республики Таджикистан привлёк внимание участников Фестиваля национальными и традиционными блюдами таджикского народа, особым украшением национального дастархана, образцами народных ремёсел и другими природными богатствами Таджикистана.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE