ШУКӮҲИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ: ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ НАМОИШИ МЕВАВУ САБЗАВОТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАИР ГАРДИД…
ШУКӮҲИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ: ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ НАМОИШИ МЕВАВУ САБЗАВОТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАИР ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» намоишгоҳи пуршукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваву сабзавоти тозаи диёр ва намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар намоишгоҳ боғдорону кишоварзон ва ҳунармандони мумтоз маҳсули дасти хеш, ашёҳои кулолӣ, заргарӣ, кандакорӣ, зардӯзиву чакандӯзӣ ва анвои гуногуни аҷдодиро ба намоиш гузоштанд.
Ин ташаббуси фарҳангӣ ба муносибати Иди Меҳргон рост омад ва ба ҳамоиши байналмилалӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид.

