Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар мусиқии анъанавии Шарқ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Конференсия бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор шуда, то 28 ноябри соли 2026 идома меёбад.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи конференсия омӯзиш ва баррасии саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ, инчунин муаррифии мероси ғании мусиқии тоҷикон мебошад.

