МАСТЕР-КЛАССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ФАРҲАНГИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…
МАСТЕР-КЛАССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ФАРҲАНГИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар мавзуи «Рушди фарҳанги хизматрасонӣ дар шароити муосир барои сайёҳон» мастер-класси байналмилалӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Зимни мастер-класс масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, риояи одоби касбӣ, муносибати дуруст бо мизоҷон ва роҳҳои ҳалли ҳолатҳои баҳснок дар фаъолияти муассисаҳои сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки рушди фарҳанги хизматрасонӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

