ДАР ДУШАНБЕ СЕЮМИН СИНАМОЧОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ СЕЮМИН СИНАМОЧОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе сеюмин Синамочоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ филми «Навои ва Ҷомӣ» ба намоиш гузошта шуд, ки ба муаррифии чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик ва инъикоси арзишҳои фарҳангиву адабии миллати тоҷик равона гардидааст.
Синамочоизаи миллии «Тоҷи Сомон» яке аз чорабиниҳои соҳаи синамо буда, барои муаррифии дастовардҳои филмсозони ватанӣ, дастгирии эҷодкорон, рушди санъати синамои миллӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба филмҳои истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меорад.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик тавассути санъати синамо аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки синамо ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ дар муаррифии таърихи миллат, ҳаёти шахсиятҳои барҷаста ва дастовардҳои фарҳангии кишвар нақши муассир дорад.

