Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии кишвар…
Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба Бозиҳои IV олимпии наврасон баргузор гардид.
Бозиҳои IV олимпии наврасон аз 31 октябр то 13 ноябри соли 2026 дар шаҳри Дакар, пойтахти Ҷумҳурии Сенегал, баргузор мешаванд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ барои варзишгарони ҷавон имконияти муҳим ҷиҳати намоиш додани маҳорати варзишӣ, санҷидани неру ва қобилияти касбӣ, инчунин рақобат бо ҳамсолони худ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон фароҳам меорад.
Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо мақсади ҳимояи шарафи варзишии кишвар ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас иштирок менамоянд.
Иштирок дар Бозиҳои олимпии наврасон дар таҳкими таҷрибаи байналмилалии варзишгарони ҷавон, такмили маҳорати касбӣ ва омодагии онҳо ба мусобиқаҳои минбаъдаи сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

