МИНБАРИ ВОЛОИ МАРДУМӢ
Шукронаи Истиклоли давлатӣ,ки ба баракати он имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар радиоҳои давлатию хусусии зиёде фаъолият мекунанд ва ҳар яке бо барномаҳои рангину ҷолиб ва бо сабки хоссаи баррасиву пешниҳоди ҳалли масоили мубрами рӯз, мухлисони худро пайдо намудаанд. Дар миёни ин радиоҳо Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб аст. Он 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфта, 22 сол аст, ки ҳамрозу ҳамнафаси шунавандаи худ аст.
Ҳар вақте, ки сухан дар бораи фаъолияти радио меравад хурду бузург дар навбати аввал номи «Садои Душанбе», исми журналистони шинохтаву дар солҳои гуногун фаъолиятдоштаи он Шарифи Мисайзод (равонаш шод бод!), Сурайёи Шуҷоат, Сайфуллои Бозор, Зиёвуддини Нурзод, Гулистон Каримова, Абдувалӣ Сабурӣ ва дигаронро бо эҳтирому самимияти баланд ба забон меоварданд. Ин радиои писандидаи мардумӣ дар воқеъ тавонист бо нерӯи тавонои зеҳнӣ ва касбияти баланди ҳайати кормандонаш дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шуҳрату маҳбубиятро соҳиб гардад. Ин минбари озоди розу ниёзи омма, дар ташаккули дунёи маънавии ҷомеаи Тоҷикистон, пешниҳоду ҳалли масойили мубрами ҷомеа, болоравии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии аҳолии кишвар саҳми калон гузошта тавонист. Имрӯз низ ҳамин рисолати муқаддасро кормандонаш сарбаландонаву масъулиятшиносона идома медиҳанд.
Роҳбарии ин Шабакаи маҳбубро дар солҳои гуногун журналистони шинохтае, ба мисли, Сафаргул Олимӣ, Ҷонибек Асрориён, Сафаралӣ Қурбоналӣ, Шоҳонаи Сулаймон, Сурайёи Шуҷоат, Бахтовар Каримзода, Худоёри Валӣ, Махфират Юсуфӣ ва Мансур Шоҳиён ба душ доштанд. Таҳти роҳбарии онҳо кормандони «Садои Душанбе» тавонистанд дар инъикоси саривақтии руйдодҳои муҳимтарини ҷомеа ва дастовардҳои кишрҳои гуногуни он, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии хурду бузурги кишвари маҳбубамон, пос доштани арзишҳои миллӣ, тақвияти садоқат ба миллату давлат ва ташвиқи шунавандаҳои сершумор ба кору пайкори созанда дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гарданд. Бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, сомонаи интернетии Шабакаи «Садои Душанбе» (www.sadoidushanbe.tj) таъсис дода шуд, ки ба фаъолияти он такони тозае хоҳад бахшид.
«Садои Душанбе» ҳамарӯза барномаҳояшро дар бахшҳои иттилоотӣ, фарҳангиву фароғатӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба шунавандаҳо пешкаш менамояд. Ҳайати кормандони онро имрӯз ғолибан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки таҳсилоти олии журналистӣ ва диди ҷадиде ба инъикоси руйдодҳои ҷомеа доранд. Барномаҳои «Чашми дил», «Хонавода», «Асри дақиқ», «Нигоҳи рӯз», «Фарҳанги растагорӣ», «Ҳадаф», «Муошират», «Барги сабз», «Тоҷикистон», «Ҷаҳони футбол» ва ғ, ки аз ҷониби С.Бозор, Н.Ғаниева, Н.Абдуллоева, Т.Сатторов, С.Тиллозода, Ш.Султонов, Б.Аминзода, М.Табарова, Н.Давлатов, Н.Давронзод, Г.Насриддинова, У.Холова, Х.Бариев, Н.Раҳимова, З.Сафарова, М.Юсупова, М.Табарова ва дигарон таҳия мегарданд, шунавандаҳои зиёд доранд. Зангҳои телефонии ҳамарӯзаи шунавандаҳо ба пахшгоҳ (студия)-и Шабака исботи гуфтаҳост. Руйдодҳои муҳими оламро шунавандаҳои радиои «Садои Душанбе» дар Тоҷикистон ва берун аз он дар пешниҳоди Ҷ.Шоқурбонова, Ш.Султонов, Б.Зоириён, Н.Давлатов ва М.Раҳмонзода мешунаванд. Кормандони «Садои Душанбе» кушиш мекунанд, ки барномаҳоро бо диди нав, бо назардошти талабот ва дархости мардум таҳия намоянд, тавассути барномаҳои мустақим ба онҳо бештар наздик бошанд, дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ба онҳо кӯмак расонанд. Ҳамин аст, ки Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе»-и Радиои Тоҷикистон муҳаббати мардумро соҳиб шудаву дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат муваффақ гардидааст.
«Садои Душанбе»-ро рӯйи мавҷи 102,2 FM дар шаҳри Душанбе, мавҷи 100,2 FM дар вилояти Суғд, 103,1 дар вилояти Хатлон, 102,5 дар шаҳри Хоруғ, инчунин аз сомонаҳои sadoidushanbe.tj, mediabay.tv, баззаҳои DVB-T2, Т3 ва моҳвора низ метавонед гӯш кунед.
22-соли муваффақият муборак!
Сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе»
Фирӯз Каримзода