ДИҚҚАТ!..
#ДИҚҚАТ!
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки 24 октябри соли 2026, аз соати 07:00 то 14:00, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Теҳрон, хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе–Ваҳдат–Кӯлоб, Душанбе–Ваҳдат–Лахш, кӯчаҳои марказии шаҳри Ваҳдат ва роҳи автомобилгарди Ваҳдат–Ромит муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо дарназардошти маҳдудиятҳои мазкур, ҳаракати худро пешакӣ ба нақша гирифта, аз роҳҳои ҳамшафат истифода намоянд ва талаботи қонунии кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро риоя кунанд.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

