Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, директори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳайати доварони озмун, иштирокчиён, омӯзгорон ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати ҷавонону наврасон, рушди қобилияти зеҳнӣ ва таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
Дар идомаи маросим ғолибони даври сеюми озмун барои иштироки фаъолона, донишу маҳорати баланд ва дастовардҳои назаррас бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

