Имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар давоми 9 моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, вазъи ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласа масъулин оид ба натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти ҷойдошта ва тадбирҳои андешидашуда дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти корҳои профилактикӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва масъулиятшиносӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE