27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонк аз соли 1993 идома дошта, шумораи лоиҳаҳои он дар Тоҷикистон ба 201 ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба беш аз 1,1 миллиард евро расидааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

