Ба иқтисодиёти кишвар 1,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Дар нимсолаи якуми соли 2026 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ натиҷагирӣ намуд. Ҷамъбасти фаъолияти Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумита Султон Раҳимзода баррасӣ гардид.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба иқтисодиёти кишвар 1 миллиарду 898,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ низ ба 187,7 миллион доллар расида, 60,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

