ДАР ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ…
ДАР ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОНИ САОДАТМАНДИ ВАТАН — ТАЪМИНКУНАНДАИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА МУҲОФИЗИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар қисми низомии 02615Г-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе чорабинии сиёсиву маърифатӣ ва дидорбинии аъзои Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо сарбозону афсарони қисми низомӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти унвони «Ҷавонони саодатманди Ватан — таъминкунандаи волоияти қонун ва муҳофизи арзишҳои соҳибистиқлолӣ» дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Зимни чорабинӣ иштирокдорон оид ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар, нақши он дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин саҳми ҷавонон дар ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи қонун ва ҳимояи марзу буми мамлакат нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон бо сарбозону афсарони қисми низомӣ суҳбат намуда, ба онҳо дар иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддаси ҳарбӣ ва ҳифзи амнияти давлату миллат барору комёбӣ орзу карданд.

