3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро ба истифода доданд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гашт.
Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол карда мешавад. 

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE