Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе…

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат» чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони мақомоти давлатӣ, масъулони сохторҳои дахлдор ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ доир ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибрози андеша карда шуд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва роҳнамои рушди минбаъдаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE