Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ…
Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин ҷоизаи олии давлатии ба наздикӣ таъсисёфтаи Қазоқистонро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро “боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо” ва қадрдонии “хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар” тавсиф карданд.
За выдающийся вклад в последовательном укреплении и развитии отношений дружбы и сотрудничества между двумя странами Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон награжден Орденом Ходжа Ахмет Яссауи.
Эту недавно учрежденную высшую государственную награду Казахстана Главе нашего государства уважаемому Эмомали Рахмону в торжественной обстановке вручил Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев.
Уважаемый Эмомали Рахмон расценил эту государственную награду «ещё одним подтверждением высокого уровня взаимного уважения и доверия между нашими государствами» и высокой оценкой «заслуг всего народа Таджикистана в последовательном укреплении отношений дружбы и сотрудничества с братским Казахстаном».
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

